Дарёфти ҷасади марди 48-сола пас аз се моҳ аз соҳили Ғунд

Ҷасади як сокини ноҳияи Шуғнон, ки аз охири моҳи ноябри соли гузашта бедарак буд, ахиран аз соҳили дарёи Ғунд пайдо шуд. Кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ ҷасади сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнонро аз соҳили Ғунд пайдо карда, ба мақомоти марбута супориданд. Бино ба иттилои КҲФ, хабари дар соҳили […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҷасади як сокини ноҳияи Шуғнон, ки аз охири моҳи ноябри соли гузашта бедарак буд, ахиран аз соҳили дарёи Ғунд пайдо шуд.

Кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ ҷасади сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнонро аз соҳили Ғунд пайдо карда, ба мақомоти марбута супориданд.

Бино ба иттилои КҲФ, хабари дар соҳили Ғунд пайдо шудани ҷасади марди ношинос ба Раёсат соати 11:15 дақиқаи рӯзи 18-уми феврал расид ва кормандони фаврии бахши наҷот ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Баъди аз оби соҳил берун овардани ҷасад онро ба шаҳри Хоруғ интиқол доданд. Ташхиси судӣ нишон дод, ки ин мард сокини деҳаи Даштак, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон буда, 48 сол умр доштааст.

Марҳум аз 25-уми ноябри соли 2019 бедарак буд ва муддати се моҳ пайвандонаш ҳамроҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро меҷустанд.

Ҳоло маълум нест, ки ин мард худкушӣ кардааст ва ё дар пайи ҳодисаи нохуш дар об ғарқ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.