Дар Душанбе сафороии низомӣ баргузор мешавад

Дар Тоҷикистон фардо, 21 феврал 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, дар ҳудуди Гвардияи милии Тоҷикистон бо иштироки наздики 8 ҳазор нафар сарбозону афсарони сохторҳои қудратии кишвар гузашти ҳарбии тантанавӣ баргузор мешавад. Дар ин сафороии низомӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон фардо, 21 феврал 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, дар ҳудуди Гвардияи милии Тоҷикистон бо иштироки наздики 8 ҳазор нафар сарбозону афсарони сохторҳои қудратии кишвар гузашти ҳарбии тантанавӣ баргузор мешавад.

Дар ин сафороии низомӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, гузаштро вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ба муносибати солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар тамоми шаҳру навоҳӣ чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Дар боғҳои пойтахт бо иштироки дастаҳои эҷодии Вазорати мудофиа консертҳо барпо мешаванд.

Рӯзи 23 феврал дар тамоми ҷузъу том, қисмҳои низомӣ ва гарнизонҳо сафороии тантанавӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ доир мегарданд.

23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, моҳи сентябри соли 2021 дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.