Экстрасенс Турсуной Зокирова дар Гулистон осоишгоҳ месозад

Соҳибкор ва ғолиби барномаи телевизионии “Муҳорибаи экстрасенсҳо” Турсуной Зокирова дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд осоишгоҳ бо 250 ҷой месозад. Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншоот шинос шуда, ба масъулини соҳа ва сохтмончиён дастур дод, ки корҳои сохтмониро дар асоси меъёрҳои байнeлмилалӣ анҷом диҳанд. […]

Соҳибкор ва ғолиби барномаи телевизионии “Муҳорибаи экстрасенсҳо” Турсуной Зокирова дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд осоишгоҳ бо 250 ҷой месозад.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншоот шинос шуда, ба масъулини соҳа ва сохтмончиён дастур дод, ки корҳои сохтмониро дар асоси меъёрҳои байнeлмилалӣ анҷом диҳанд.

Гуфта мешавад, айни замон ба иҷрои корҳои сохтмон дар иншооти мазкур 60 нафар бинокорон машғуланд.

Осоишгоҳ дар соҳили Баҳри тоҷик (обанбори Қайроққум) қомат афрохта, майдони 2,6 гектарро фаро мегирад.

Ёдрас мекунем, Турсуной Зокирова соли 2019 роҳи кӯчаеро дар зодгоҳаш – шаҳри Гулистон мумфарш ва таъмиру навсозӣ кард. Майдони умумии корҳои таъмиру навсозӣ 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод.

Моҳи марти соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ки ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шуд.

Бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво буда, соҳибкорзан иттилоъ дод, ки 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.