Боздошти майори “қалбакӣ” дар Конибодом

Сокини шаҳри Конибодом Таҳмина Саъдуллоева худро майори милитсия муаррифӣ карда, ба боварии мардум даромадааст ва аз шаҳрвандон қариб 1 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ тассаруф намудааст. Вале тафтишот нишон дод, ки ӯ дар ягон вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият надошта, барои худ либоси низомии қалбакӣ бо рутбаи майор омода кардааст. Бино ба иттилои ШВКД-и шаҳри Конибодом, гумонбаршуда Таҳмина Саъдуллоеваи 36-сола […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокини шаҳри Конибодом Таҳмина Саъдуллоева худро майори милитсия муаррифӣ карда, ба боварии мардум даромадааст ва аз шаҳрвандон қариб 1 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ тассаруф намудааст. Вале тафтишот нишон дод, ки ӯ дар ягон вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият надошта, барои худ либоси низомии қалбакӣ бо рутбаи майор омода кардааст.

Бино ба иттилои ШВКД-и шаҳри Конибодом, гумонбаршуда Таҳмина Саъдуллоеваи 36-сола истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пӯлодон худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб маблағ ба даст оварда, аз иҷрои кори ваъдагӣ ва баргардонидани пул сарпечӣ кардааст.

Дар ШВКД-и шаҳри Конибодом дар асоси муроҷиати 3 ҷабрдида нисбат ба шаҳрванд Таҳмина Саъдуллоева бо моддаи 247 қисми 4-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ин зан давоми соли 2019 ба боварии сокинони шаҳру деҳоти Конибодом даромада, айни ҳол тафтишот 3 ҳолати қаллобиро  ба гумонбаршуда нисбат медиҳад. Ӯ моҳи июни соли 2019 бо ваъдаи мусоидат дар гирифтани квотаи шаҳрвандии Русия аз шаҳрванд Анвар Салимов 80 ҳазор рубли русӣ, моҳи октябри ҳамон сол бо баҳонаи аз хориҷа овардани сабукрави “Тайота Кемри” аз Икром Бобоҷонов 429 ҳазор рубли русӣ ва моҳи марти соли гузашта аз ҷабрдидаи дигар як миллиону 175 ҳазор рубли русӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсӣ истифода кардааст.

Худи гумонбаршуда дар навори видеоӣ мегӯяд, ки аз пӯшидани либоси майори милиса пушаймон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.