Ҷаримаи савдогари яроқҳои сард дар бозори “Корвон”

Дар доираи баргузории амалиёти шартии “Корд” дар шаҳри Душанбе, ки аз охири соли гузашта ҷараён дорад, сокини 42-солаи пойтахт Зафар Чилаев дар бозори “Корвон” боздошт шуд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, боздоштшуда ба фурӯши маводи таркибан силоҳмонанд ё худ яроқҳои сард машғул буда, аз ӯ 1 ҳазору 650 адад […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи баргузории амалиёти шартии “Корд” дар шаҳри Душанбе, ки аз охири соли гузашта ҷараён дорад, сокини 42-солаи пойтахт Зафар Чилаев дар бозори “Корвон” боздошт шуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, боздоштшуда ба фурӯши маводи таркибан силоҳмонанд ё худ яроқҳои сард машғул буда, аз ӯ 1 ҳазору 650 адад корду кастет ва электрошоку чӯбдастҳо мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба Зафар Чилаев бо моддаҳои 492 (Риоя накардани тартиби ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба каси дигар додан ё фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва силоҳи сард) ва 510 (Иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.

Суд дар навбати худ 19-уми феврал нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Зафар Чилаев дар намуди ҷарима ба андозаи 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1276 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо таъин кард. Маводи мусодирашуда нобуд карда мешавад.

Ёдрас мекунем, дар мақомоти милитсияи пойтахт амалиёти шартии “Корд” ҷараён дорад, ки дар рафти он тадбирҳои аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон дарёфт кардан ва мусодираи яроқи сард, аз ҷумла, корду кастет, электрошоку чӯбдастҳо ва ғайра роҳандозӣ шудааст.

Ҳолатҳои зӯроварӣ ва муноқишаҳо бо истифода аз яроқи сард ахиран дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвоӣ ва хунукназарии волидону омӯзгорон ва ҳамаи аҳли ҷомеа сабаби аслии афзоиши падидаҳои манфӣ миёни ноболиғон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.