Иртиботи ҳавоии Тоҷикистону Эрон аз имрӯз қатъ мешавад

Парвози хатсайрҳои ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон ва бозгашти онҳо дар робита ба пайдошавии коронавирус дар чанде аз шаҳрҳои Эрон қатъ шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода хабар дод, бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Ироқу Кувайт ва Арманистону Озарбойҷон низ бо мақсади бехатарӣ иртиботи ҳавоиро бо Эрон қатъ кардаанд. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Парвози хатсайрҳои ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон ва бозгашти онҳо дар робита ба пайдошавии коронавирус дар чанде аз шаҳрҳои Эрон қатъ шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода хабар дод, бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Ироқу Кувайт ва Арманистону Озарбойҷон низ бо мақсади бехатарӣ иртиботи ҳавоиро бо Эрон қатъ кардаанд.

“Ба ширкати эронии Varesh Airlines ва ширкати ватании ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дастур додем, ки то ба эътидол омадани вазъ дар ин кишвар, аз имрӯз парвозҳои дуҷонибаро боздоранд”, – гуфт вай.

Ӯ таъкид дошт, ки парвозҳо байни Эрону Тоҷикистон дар як ҳафта ду маротиба аз ҷониби ширкати Varesh Airlines бо хатсайрҳои Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон анҷом дода мешуданд.

Ба гуфтаи Набизода, “Тоҷик Эйр” низ барои парвоз ба Теҳрон иҷозатнома дошта, ин ширкати ватанӣ ҳам аз қарори мазкур огоҳ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Эрон то 43 кас расида, аз ин шумор 8 нафар фавтидаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории DW, эҳтимол вирус ба кишвар тавассути як сокини ҳалокшудаи шаҳри Қум, ки замони хуруҷи коронавирус ба Чин рафта буд, ворид шуда бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.