Манъи фаъолияти яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе

Сокинони манзилҳои воқеъ дар наздикии тарабхонаи “Абрикол” дар кӯчаи Ғуломови шаҳри Душанбе ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазона Раҳимзода муроҷиат намуда, шикоят кардаанд, ки фаъолияти шабонарӯзии ин тарабхона оромии онҳоро халалдор месозад. Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, санҷишҳо нишон додаанд, ки дарвоқеъ қаблан нисбат ба маъмурияти тарабхонаи “Абрикол”​​​​​​​ ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида, оиди […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокинони манзилҳои воқеъ дар наздикии тарабхонаи “Абрикол” дар кӯчаи Ғуломови шаҳри Душанбе ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазона Раҳимзода муроҷиат намуда, шикоят кардаанд, ки фаъолияти шабонарӯзии ин тарабхона оромии онҳоро халалдор месозад.

Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, санҷишҳо нишон додаанд, ки дарвоқеъ қаблан нисбат ба маъмурияти тарабхонаи “Абрикол”​​​​​​​ ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида, оиди риоя кардани реҷаи корӣ огоҳонида шудааст, вале маъмурияти тарабхона чора надида, ин кирдорҳоро идома додаанд.

Гуфта мешавад, бинобар аз тарафи маъмурияти тарабхонаи мазкур риоя нагардидани реҷаи кории муқарраршуда, нисбат ба роҳбари тарабхонаи “Абрикол”​​​​​​​ такроран бо дастрасии моддаи 462, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, фаъолияти ин марказ муваққатан манъ карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз соли 2012 реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, иншооти фарҳанг ва хизматрасонии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон то соати 23:00 ва баҳору тобистон – то 24:00 муқаррар шудааст. Агар иншоот дар назди манзилҳо ва мактабу беморхонаҳо ҷойгир нашуда бошанд, то соати 01:00-и шаб кор карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.