Иштироки 5 корхонаи ресандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул

Барои нӯҳумин бор пайдарҳам Тоҷикистон риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул, ки аз 27-ум то 29-уми феврали соли 2020 дар пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеъи харидорони байналмилалӣ нишон медиҳад. Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат”, “Ресандаи Қӯрғонтеппа”, “Спитамен Текстайлз”, “Файзи Истиқлол” ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин […]

Иттилоияи расмӣ

Барои нӯҳумин бор пайдарҳам Тоҷикистон риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул, ки аз 27-ум то 29-уми феврали соли 2020 дар пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеъи харидорони байналмилалӣ нишон медиҳад.

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат”, “Ресандаи Қӯрғонтеппа”, “Спитамен Текстайлз”, “Файзи Истиқлол” ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ идома медиҳанд.

Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байнулмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд.

Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки “намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизороти бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.

Боздид аз Намоишгоҳи Истанбул дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад. Ин ибтикор дар ҳамкории наздик бо лоиҳаи "Ба сӯйи рушди фарогири деҳот ва суботи иқтисодӣ" (TRIGGER II) амалӣ мешавад, ки онро Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH аз номи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) амалӣ мекунад. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин сафар намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва ширкатҳои маҳаллии консалтингии ҳамкори МТБ – “ACT Development Group” ва “Business Consulting Group” роҳбаладӣ мекунанд.

МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ имкони хуберо барои ширкатҳои ҳамкор фароҳам меорад, то тавассути дарёфти тамосҳои нави тиҷоратӣ ва маълумот доир ба таҷҳизоти наву замонавӣ ва талаботи ҷаҳонӣ дар бозорҳои беруна рақобатпазиртар гарданд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбутаи пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.