Кимонои истеҳсоли Тоҷикистон арзонтар мешавад

Ба истеҳсоли либоси варзишии кимоно дар Тоҷикистон якчанд ширкат машғул аст. Баъзе аз онҳо тасмим гирифтаанд, ки мустақилона ба истеҳсоли матоъ барои он шурӯъ кунанд, то ки нарх пасттар шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ корхонаҳои «Фирӯз», «Раҳимов А», «Сапсан», «Сарей» ва «Профи» ба истеҳсоли либоси […]

Ба истеҳсоли либоси варзишии кимоно дар Тоҷикистон якчанд ширкат машғул аст. Баъзе аз онҳо тасмим гирифтаанд, ки мустақилона ба истеҳсоли матоъ барои он шурӯъ кунанд, то ки нарх пасттар шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ корхонаҳои «Фирӯз», «Раҳимов А», «Сапсан», «Сарей» ва «Профи» ба истеҳсоли либоси варзишӣ (кимоно) машғул мебошанд.

Гуфта мешавад, бо мақсади пасттар намудани арзиши аслии маҳсулот дар назди ширкатҳои «Фирӯз», «Раҳимов А» ва «Профи» коргоҳҳои бофандагӣ ташкил карда шудааст, ки матоъҳо барои истеҳсоли кимоно аз риштаҳои пахтагин омода мешаванд.

“Истеҳсоли кимоно дар ҷумҳурӣ солҳои охир тамоюли афзоишро касб намуда, соли 2017 ба маблағи 13,9 млн сомонӣ, соли 2018 – 15,5 млн сомонӣ ва соли 2019 – 18,8 млн сомониро ташкил додааст”, – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Қисми бештари маҳсулоти тайёр ба ширкатҳои Русия, ба монанди «ЯВАРА-Нева», «Октоблу», «Информсервис 2001», «Спортивный мир Атеми» ва ғайра содирот мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.