Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Миср изҳори ҳамдардӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси дар робита ба даргузашти собиқ роҳбари ин давлат Ҳуснӣ Муборак барқияи тасаллият ирсол кард. “Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак боиси андӯҳи амиқи мо гардид”, – навишта шудааст дар барқия.  Гуфта мешавад, Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак ба ҳайси ходими намоёни […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси дар робита ба даргузашти собиқ роҳбари ин давлат Ҳуснӣ Муборак барқияи тасаллият ирсол кард.

“Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак боиси андӯҳи амиқи мо гардид”, – навишта шудааст дар барқия. 

Гуфта мешавад, Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ хислату муҳтавои як давраи комили рушди Мисрро муайян карда, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байнулмилалӣ обрӯву эътибори зиёд дошт.

“Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср қадрдонӣ менамоем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии инҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам”, – қайд шудааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки собиқ президенти Миср Ҳуснӣ Муборак рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар синни 91-солагӣ дар Қоҳира аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.