Дар ҷаласаи САҲА вакили тоҷик зидди таҳрифи ҳақиқати Ҷанги дуюми ҷаҳон изҳори назар кард

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Олим Салимзода охири ҳафтаи гузашта дар иҷлосияи зимистонаи Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА, ки дар Вена доир гардид, баёния (декларатсия)-и аз ҷониби Русия пешниҳодшударо дар бораи роҳ надодан ба бозбинии натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дастгирӣ кард. “Мо чунин мешуморем, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) […]

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Олим Салимзода охири ҳафтаи гузашта дар иҷлосияи зимистонаи Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА, ки дар Вена доир гардид, баёния (декларатсия)-и аз ҷониби Русия пешниҳодшударо дар бораи роҳ надодан ба бозбинии натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дастгирӣ кард.

“Мо чунин мешуморем, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) қисми ҷудонашавандаи таърихи халқи тоҷик буда, он пирӯзии дастаҷамъонаи ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ССР) аст ва ин таърих набояд таҳрифу бозбинӣ шавад”, – гуфт вакил дар мусоҳибаи “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи ҷаласаи мазкур Русия ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ намоишгоҳи аксҳо ташкил кард.

Дар баёния ишора мешавад, ки дар остонаи 75-солагии ба охир расидани ҷанг аъзои баёнияро имзокардаи Ассамблеяи байнпарлумонии Аврупо “ҳама гуна талошҳои таҳрифи ҳақиқати таърихӣ”-ро баррасӣ карда, ба дастгирии “ташаббуси глобалии эътирофи ғалаба бар миллатгароӣ (натсизм) дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ёдгориҳои муборизон бо он ҳамчун мероси умумиҷаҳонии инсоният” даъват мекунанд.

Баёнияро дар Вена ба ҷуз Тоҷикистон, инчунин намояндагони парлумони Юнон, Молдова, Сербия, Марокаш, Ӯзбекистон, Арманистон ва Беларус ҷонибдорӣ карданд.

Ба гуфтаи вакили тоҷик, дар баёния оид ба зарурати нигаҳдории хотира дар бораи Ғалабаи Бузург, ки ҳамаи халқҳои пирӯз бар фашизмро муттаҳид месозад ва пешгирии эҳёи миллатгароӣ дар Аврупо сухан меравад.

Ӯ таъкид дошт, ки матни баёния барои шиносоӣ ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод шуд. Салимзода изҳори итминон кард, ки ҳамтоёнаш дар парлумон низ онро дастгирӣ мекунанд.

Санад мақоми баёнияи хаттиро гирифта, ин маънои онро дорад, ки матн мавқеи танҳо он парлумонҳои зераш имзогузоштаро ифода мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...