Ба истеҳсоли либоси варзишии кимоно дар Тоҷикистон якчанд ширкат машғул аст. Баъзе аз онҳо тасмим гирифтаанд, ки мустақилона ба истеҳсоли матоъ барои он шурӯъ кунанд, то ки нарх пасттар шавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ корхонаҳои «Фирӯз», «Раҳимов А», «Сапсан», «Сарей» ва «Профи» ба истеҳсоли либоси варзишӣ (кимоно) машғул мебошанд.
Гуфта мешавад, бо мақсади пасттар намудани арзиши аслии маҳсулот дар назди ширкатҳои «Фирӯз», «Раҳимов А» ва «Профи» коргоҳҳои бофандагӣ ташкил карда шудааст, ки матоъҳо барои истеҳсоли кимоно аз риштаҳои пахтагин омода мешаванд.
“Истеҳсоли кимоно дар ҷумҳурӣ солҳои охир тамоюли афзоишро касб намуда, соли 2017 ба маблағи 13,9 млн сомонӣ, соли 2018 – 15,5 млн сомонӣ ва соли 2019 – 18,8 млн сомониро ташкил додааст”, – омадааст дар маълумоти Вазорат.
Қисми бештари маҳсулоти тайёр ба ширкатҳои Русия, ба монанди «ЯВАРА-Нева», «Октоблу», «Информсервис 2001», «Спортивный мир Атеми» ва ғайра содирот мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


