Ному насаби тоҷикистониёни дар садамаи Қазоқистон фавтида маълум шуд

Чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зимни садамаи нақлиёт дар Қазоқистон фавтиданд, аз вилояти Свердловски Русия ба Тоҷикистон сафар доштанд. Тавре ба “Азия-Плюс” шахсе бо номи Билол, ҳамкори таксирони ҳалокшуда хабар дод, мусофирони мошин 3 нафар занон буданд. “Мо бо ӯ 130 километр то ҷойи садама вохӯрдем. Дар мошини ӯ 3 нафар мусофирони зан қарор доштанд. Ду […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зимни садамаи нақлиёт дар Қазоқистон фавтиданд, аз вилояти Свердловски Русия ба Тоҷикистон сафар доштанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” шахсе бо номи Билол, ҳамкори таксирони ҳалокшуда хабар дод, мусофирони мошин 3 нафар занон буданд.

“Мо бо ӯ 130 километр то ҷойи садама вохӯрдем. Дар мошини ӯ 3 нафар мусофирони зан қарор доштанд. Ду нафар – модару духтари 20-солаи ӯ аз ноҳияи Ҳисор ва як зан аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошанд”, – иброз дошт ронанда.

Ӯ ҳамчунин ному насаби 2 нафар ҳалокшудагонро зикр кард: ронанда Фаридун Маҳмадов (соли таваллуд 1988) ва яке аз мусофирзанон Дилафрӯз Раҳмонқулова (с/т 1982), сокини ноҳияи Ашт.

Аз дигар манбаъҳо маълум шуд, ки ду тани дигар – модару духтари ҳалокшуда Шодигул Сангинова ва Наргис Искандарова ном доранд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон ба ихтиёри пайвандону наздиконашон супурда шуда, ҷасадҳояшон ба Ватан интиқол дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки  садамаи фоҷиабор рӯзи 25-уми феврал дар роҳи “Карабутак-Костанай” дар вилояти Актюбински Қазоқистон рух дод. Минивэни тамғаи Honda, ки дар дохилаш тоҷикистониён буданд, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини боркаш (фура)-и Volvo бархӯрд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.