Дар Суғд ба ҷавони 27-сола убури сарҳадро иҷоза надоданд

Хизматчиёни ҳарбии гузаргоҳи назоратии “Овчӣ-Қалъача – Кулундуи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба як ҷавони 27-сола убури сарҳадро иҷоза надода, гуфтаанд, ки дар бораи даъватшаванда набуданаш аз комиссариати ҳарбӣ маълумотнома пешниҳод кунад. Сокини вилояти Суғд Абду Воситов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки рӯзи 21-уми феврал ӯро нагузоштаанд, сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро гузарад. “Вақте ба гузаргоҳ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии гузаргоҳи назоратии “Овчӣ-Қалъача – Кулундуи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба як ҷавони 27-сола убури сарҳадро иҷоза надода, гуфтаанд, ки дар бораи даъватшаванда набуданаш аз комиссариати ҳарбӣ маълумотнома пешниҳод кунад.

Сокини вилояти Суғд Абду Воситов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки рӯзи 21-уми феврал ӯро нагузоштаанд, сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро гузарад.

“Вақте ба гузаргоҳ омадам, шиносномаамро дида, пурсиданд, ки оё дар артиш хизмат кардаам? Ба онҳо фаҳмонидам, ки соли 2015 мактаби олиро хатм карда, оила барпо кардам ва 2 фарзандамро тарбия мекунам. Онҳо маълумонома аз комиссариати ҳарбӣ талаб карданд. Вақте сабабашро пурсидам, посух доданд, ки онҳо “аз боло” оид ба иҷоза надодани убури “даъватшавандагон” фармон гирифтаанд. Гуфтам, ки бо корҳоям ба Қирғизистон меравам, ҳамчунин дӯсти беморамро аёдат мекунам ва баъд аз се рӯз бармегардам. Лекин онҳо ба ин таваҷҷуҳе накарданд”, – гуфт Воситов.

Вай афзуд, ки ҳамроҳаш боз як ҷавони дигар аз сарҳад гузашта натавонист.

“Нафаҳмидам, ки чӣ мехостанд. Пул барои ҳалли масъала? Ман ба онҳо пешниҳод накардаму онҳо ҳам напурсиданд”, – гуфт Воситов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки пас аз бозгашт ба комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани маълумотнома муроҷиат накардааст.

Конститутсия озодии равуоро кафолат медиҳад

Роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин ҳодиса изҳор дошт: “Ягон меъёре нест, ки ба шахсони синнусоли даъват тарк кардани Тоҷикистонро манъ кунад”.

Дар моддаи 24-и Конститусия ба шаҳрвандон озодии равуо, аз ҷумла, сафар ба хориҷи кишвар кафолат дода мешавад: “Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, истисно танҳо дар он ҳолатест, ки шахси уҳдадори ҳарбӣ даъватнома гирифта, аз хизмат саркашӣ кунад.

“Дар ҳолате ки ба шахси дорои уҳдадории ҳарбӣ даъватнома дода шуда, ӯ аз хизмати низомӣ саркашӣ кунад ё нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда бошад, мақомоти назорати сарҳадӣ ба боздошти ин шахс ва ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурдани ӯ вазифадоранд”, – зикр кард Одинаев.

Сардори маркази матбуот дар рухсатӣ

Мо барои шарҳи ин қазия ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ муроҷиат кардем. Ба мо гуфтанд, ки баъд аз як ҳафта занг занем, то ки сардорашон аз рухсатӣ баргардад, зеро онҳо бе иҷозати ӯ вазъиятро шарҳ дода наметавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.