“Хуҷанд” дар Душанбе “Нефтчӣ”-ро мағлуб кард

Date:

Рӯзи 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ бо ҳисоби калони 3 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта, дастаи “Хуҷанд” ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳхат гирифт.

Гуфта мешавад ҳар се тӯбро ба дарвозаи ҳариф ҳамлагари дастаи Хуҷанд Дилшод Бозоров (дақиқаҳои 33, 107 ва 117-ум) ба ҳадаф расонид. Бозии аввалро дар Қирғизистон футболбозони тоҷик бо ҳисоби 0 бар 1 бохта буданд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 “Хуҷанд” дар гурӯҳи “D”-и минтақаи Марказӣ ҳамроҳ бо тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Дар вохӯрии даври якум дар гурӯҳи “D” дастаҳои Тоҷикистон бо ҳамдигар бозӣ мекунанд. Бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...