Созмондиҳандагони қиморхонаҳо аз 6 то 22 сол зиндонӣ шуданд

Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз ҳукми роҳбари шаркати “Инвест лото” ва ҳамкоронашро содир кард. Онҳо дар созмондиҳии қиморхонаҳо бо истифода аз мизу автоматҳои бозӣ барои бурди пулӣ, инчунин муомилоти ғайриқонунии асъор гунаҳкор дониста шуданд. Судяи додгоҳи шаҳри Душанбе Тоҳир Мӯсобекзода, ки ҳукми ин парвандаро имрӯз эълон кард, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки он ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст. “Маҳкумшудагон то […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз ҳукми роҳбари шаркати “Инвест лото” ва ҳамкоронашро содир кард. Онҳо дар созмондиҳии қиморхонаҳо бо истифода аз мизу автоматҳои бозӣ барои бурди пулӣ, инчунин муомилоти ғайриқонунии асъор гунаҳкор дониста шуданд.

Судяи додгоҳи шаҳри Душанбе Тоҳир Мӯсобекзода, ки ҳукми ин парвандаро имрӯз эълон кард, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки он ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст.

“Маҳкумшудагон то 10 рӯз ҳуқуқи шикоят карданро доранд. Баъд аз ҳукмро хондан, онҳо ба хабарнигорон гуфтанд, ки мо шикоят мекунем. Онҳо ҳақ доранд, метавонанд шикоят кунанд”, – изҳор дошт Мӯсобекзода.

Судя афзуд, ки роҳбари ширкат Муҳиддин Назаров 19 сол ва ду корманди ӯ – Фаромарз Наҷотов ва Максим Попович 22 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Кормандони дигари ширкати “Инвест лото” Каюмарс Киромов – 19 сол, Комбиз Наҷотов – 18 сол, Нурулло Аҳроров – 11 сол, Саидшоҳ Камаров – 10 сол, Машҳур Алиев – 7 сол ва Комбиз Истадов – 6 сол зиндонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти 9 узви ин гурӯҳ, ки 7 нафарашон тоҷикистонӣ ва 2 каси дигар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, моҳи октябри соли гузашта дар барномаи махсуси “Прокуратура”-и телевизиони “Тоҷикистон” хабар дода буд.

Созмондиҳандагони асосии қиморхонаҳо – Милош Алексеевич ва Максим Попович шаҳрвандони кишварҳои Сербия ва Черногория мебошанд.

https://www.youtube.com/watch?v=YwXW4m9hey0

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.