Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як гурӯҳи шахсонро барои ташкил ва нигоҳдории қиморхонаҳо дар пойтахт дастгир карданд.
Ташкилкунандагони асосии қиморхонаҳо Милош Алексеевич ва Максим Попович, шаҳрвандони кишварҳои Сербия ва Черногория мебошанд. Хабари мазкур дар барномаи махсуси “Прокуратура”-и телевизиони “Тоҷикистон” намоиш дода шуд.
Гуфта мешавад, 9 узви ин гурӯҳ моҳи сентябр муайян ва дастгир шуданд. Аз ин шумор 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон буда, 2 каси дигар шаҳрвандони Сербия ва Черногория мебошанд.
Ин далели созмондиҳии қиморхонаҳо ва мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ таҳқиқ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.