Дарёфти ҷасади мард дар канали Варзоб

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади мардеро аз канали Варзоб берун оварданд. Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, ҷасади марди ношинос субҳи 28-уми феврал дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ»-и маҳаллаи Заргар дар дохили канали Варзоб дарёфт шудааст. Марҳум сокини 46-солаи пойтахт Н Додхудоев буда, пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ 20-уми феврали […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади мардеро аз канали Варзоб берун оварданд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, ҷасади марди ношинос субҳи 28-уми феврал дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ»-и маҳаллаи Заргар дар дохили канали Варзоб дарёфт шудааст.

Марҳум сокини 46-солаи пойтахт Н Додхудоев буда, пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ 20-уми феврали соли равон аз хона баромадаву то кунун барнагашта буд.

Ҷасад аз об берун оварда шуда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Айни замон фарзияҳои гуногуни сабабҳои марги мард, аз ҷумла, даст ба худкушӣ задани ӯ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.