Ҳамла ба маросиме, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Салоҳиддин Раббонӣ дар он ҳузур доштанд

Дар ҷараёни ҳамоиши бузургдошт аз 25-умин солгарди ҷон бохтани яке аз раҳбарони қавми ҳазора Абдулалӣ Мазорӣ, рӯзи ҷумъаи 6-уми март дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул, тирандозӣ сурат гирифт. Дар ин ҳамоиш шуморе аз чеҳраҳои матраҳи Афғонистон, аз ҷумла, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Салоҳиддин Раббонӣ, собиқи вазири умури хориҷӣ ва раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва […]

Радиои Озодӣ

Дар ҷараёни ҳамоиши бузургдошт аз 25-умин солгарди ҷон бохтани яке аз раҳбарони қавми ҳазора Абдулалӣ Мазорӣ, рӯзи ҷумъаи 6-уми март дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул, тирандозӣ сурат гирифт.

Дар ин ҳамоиш шуморе аз чеҳраҳои матраҳи Афғонистон, аз ҷумла, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Салоҳиддин Раббонӣ, собиқи вазири умури хориҷӣ ва раҳбари ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроия низ ҳузур доштанд.

Муовини сухангӯи раёсати иҷроияи таъйид кардааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ солим аст ва аз маҳали ҳодиса берун бурда шудааст. Яке аз ёварони Муҳаммад Муҳаққиқ низ мегӯяд, ки Муҳаммад Муҳаққиқ солим мебошад.

Тибқи иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, то кунун дар маҳал тирандозӣ идома дорад. То кунун ҷузъиёти бештари ин ҳамла дар даст нест. Вазорати тандурустии Афғонистон гуфтааст, ки то кунун 18 захмӣ ба беморонистон интиқол ёфтаанд.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамла ба маросими гиромидошт аз 25-умин солгарди Абдулалӣ Мазориро "ҷиноят алайҳи башарият" хондааст.

Ба иттилои телевизиони "Тулӯъ", Толибон гуфтаанд, дар ин ҳамла даст надоранд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ дар "Твиттер" навиштааст, ки ҳамлаи имрӯз ба як нишаст дар шаҳри Кобул, рабте ба ин гурӯҳ надорад.

Соли гузашта низ чунин маросим мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Дар он ҳамла Абдулатиф Пидром, раҳбари ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ҷароҳат бардошта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.