Ду узви аз Русия фироркардаи “бандаи ГТА” 25-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

Аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи ба истилоҳ “Бандаи ГТА” Боир Ғуломов ва Муродҷон Каримов ҳар кадоме ба 25 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ин бора торнамои Прокуратураи генералии Русия иттилоъ додааст. Дар маълумот қайд мешавад, ки суд Ғуломов ва Каримовро дар узвияти гурӯҳи ҷиноятпеша, одамкушӣ, ҳамлаҳои ғоратгарона ва содир намудани ҷиноёти дигар дар қаламрави Русия гунаҳкор донистааст. Соли 2014 […]

Asia-Plus

Аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи ба истилоҳ “Бандаи ГТА” Боир Ғуломов ва Муродҷон Каримов ҳар кадоме ба 25 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ин бора торнамои Прокуратураи генералии Русия иттилоъ додааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки суд Ғуломов ва Каримовро дар узвияти гурӯҳи ҷиноятпеша, одамкушӣ, ҳамлаҳои ғоратгарона ва содир намудани ҷиноёти дигар дар қаламрави Русия гунаҳкор донистааст.

Соли 2014 чанде аз аъзои гурӯҳ дар Русия боздошт гардида, ба ҷазои ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд.

Ба Ғуловом ва Каримов муяссар шуд, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шаванд. Онҳо мавриди ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон шуданд. Охири соли 2014 муайян гардид, ки макони будубоши онҳо дар Тоҷикистон аст.

Дар қонунгузории Тоҷикистон супоридани шаҳрванди кишвар ба ихтиёри давлатҳои дигар барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Русия бо дархости ҷазо додани онҳо маводи парвандаро ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристод.

Ин гурӯҳи ҷиноятпеша ё худ “бандаи ГТА” давоми солҳои 2012-2014 дар роҳҳои мошингарди шаҳру вилояти Маскав ва вилояти Калуга ба ронандагон ҳамла мекарданд. Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки ба ҳайати гурӯҳ на камтар аз 15 нафар зодагони Осиёи Марказӣ шомил буда, онҳо дар куштори 17 нафар ва захмӣ кардани боз 2 тани дигар гунаҳкоранд.

Панҷ нафар иштирокчиёни парвандаи “бандаи ГТА” соли 2017 ба посбонҳои суди вилояти Маскав дарафтода, силоҳи онҳоро гирифтанд. Чор нафар аз ҳамлагарон кушта шуданд. Аз рӯйи парвандаи кӯшиши фирор ба 4 посбон ҷазои шартӣ таъин шуд.

ГТА дар исми ин гурӯҳ аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.