Дар раддабандии КФО “Истиқлол” якбора 20 зина боло рафт

Дар раддабандии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) байни дастаҳо мавқеи тими “Истиқлол”-и Душанбе якбора 20 зина боло рафт. Тавре дафтари матбуоти даста хабар медиҳад, пас аз ду бозӣ дар мусобиқаи даври интихобии Лигаи чемпмионҳои КФО бо дастаҳои “Локомотив”-и Ӯзбекистон (1:0) ва “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудӣ (0:1), инчунин ғалаба дар мусобиқаи Ҷоми КФО дар вохӯрӣ бо тими “Хуҷанд” […]

Asia-Plus

Дар раддабандии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) байни дастаҳо мавқеи тими “Истиқлол”-и Душанбе якбора 20 зина боло рафт.

Тавре дафтари матбуоти даста хабар медиҳад, пас аз ду бозӣ дар мусобиқаи даври интихобии Лигаи чемпмионҳои КФО бо дастаҳои “Локомотив”-и Ӯзбекистон (1:0) ва “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудӣ (0:1), инчунин ғалаба дар мусобиқаи Ҷоми КФО дар вохӯрӣ бо тими “Хуҷанд” (Хуҷанд), дар ин рейтинги КФО “Истиқлол” соҳиби 34,6 хол буда зинаи 34-ум (+20 мавқеъ,+4,79 хол)-ро ишғол мекунад.

Дар рейтинги навшудаи КФО байни дастаҳо 170 тим аз қораи Осиё зикр шудааст. Ҷойҳои рақибони “Истиқлол” дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 тариқи зайл аст: 51. «Олтин Асир» (Туркманистон) – 29,27 хол, 93. «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 13,04 хол, 110. «Дордой» (Қирғизистон) – 9,39 хол.

Байни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дастаи “Локомотив”-и Тошканд бо касби 39,01 хол дар зинаи болотар – 27-ум қарор дорад.

Панҷгонаи беҳтарин дастаҳои Осиё аз «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ, зинаи 1-ум, 107,00 хол), «Касима Антлерс» (Ҷопон, зинаи 2-юм, 102,50 хол), «Шанхай СИПГ» (Чин, зинаи 3-юм, 100,66 хол), «Ал-Дуҳайл» (Қатар, зинаи 4-ум, 93,76 хол) ва «Ал-Аҳли» (Арабистони Саудӣ, зинаи 5-ум, 91 хол) иборат аст.

Дар раддабандии моҳи ноябри соли гузашта дастаи “Истиқлол” бо касби 29.77 хол дар зинаи 54-ум қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.