Боздошт ва ҳабси 5 ҷавон аз рӯйи навори латукӯби бераҳмона

Имрӯз кормандони милитсияи пойтахт 5 ҷавонро аз рӯйи видеои дар Facebook нашршуда барои латукӯби бераҳмонаи як мард боздошт ва ҳабс карданд. Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми март дар як қатор сомонаҳои интернетӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори латукӯб нашр гардид. Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян кардани нафарони […]

Asia-Plus

Имрӯз кормандони милитсияи пойтахт 5 ҷавонро аз рӯйи видеои дар Facebook нашршуда барои латукӯби бераҳмонаи як мард боздошт ва ҳабс карданд. Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми март дар як қатор сомонаҳои интернетӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори латукӯб нашр гардид.

Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян кардани нафарони гумонбар ва омилу сабабҳои ин амали ҷиноятӣ бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Барои дастгир кардани нафарони дар навор инъикосшуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шуданд.

Дар натиҷа бо гузашти ҳамагӣ 20 дақиқа баъд аз ҳодисаи мазкур кормандони милитсияи пойтахт содиркунандагони ин амали ғайриқонуниро дастгир карданд.

https://www.youtube.com/watch?v=oZ0XXNd-MqI

Муайян карда шуд, ки амали ҷиноиро шаҳрвандон:

Зиёев Беҳрӯз Тағоевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат;

Яхшиев Эмомалӣ Бароталиевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш.Кӯлоб;

Баротов Ёрмуҳаммад Тағоевич, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ш.Душанбе;

Асроров Абдусалом Аҳрорович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ш.Душанбе;

Мулкамонов Ҳукуматшоҳ Рамазонович, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ш.Бохтар содир кардаанд.

Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки дар 17-уми март дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар натиҷаи як муноқишаи лафзӣ 5 нафар дастгиршудагон дар ҳайати гурӯҳӣ шаҳрванд Ҷумъазода Кароматуллои Асатулло, соли таваллудаш 07.06.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷ/д Мирзо Ризо, деҳаи Шӯроб, оиладор, соҳиби 3 фарзандро ба воситаи калиди чархи мошин ва мушту лагад якчанд маротиба ва ба таври бераҳмона ба сару рӯяш зарба заданд. Онҳо баъд аз беҳуш шудани ҷабрдида, телефони мобилии ӯро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд.

“Дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршудагон ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст”, – иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Айни ҳол нисбат ба дастгиршудагон дар асоси моддаҳои 237 қисми 3 (Авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) ва 248 (Ғоратгарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.