Ҳукумат оид ба пешгирии таъсири хавфҳо нақша таҳия кард

Date:

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, рушди босуботи иқтисодии кишвар аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид.

Дар иттилоияи имрӯз интишоркардаи Вазорат қайд мешавад, ки вақтҳои охир пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳишёбии қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, шарикони тиҷоратии Тоҷикистонн бетаъсир намонд.

“Вобаста ба ин Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ иборат аз як қатор тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, нақшаи мазкур чорабиниҳоро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим сохта ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд кардани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа пешбинӣ мекунад.

Зикр мешавад, ки масъалаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус, воридотивазкунанда ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, инчунин муътадилии нархҳо зери назорати доимии ҳукумати кишвар қарор дорад ва вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ карда истодаанд.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои зиёди истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи аввал буда, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи пурраю самараноки онҳо, инчунин таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва кам кардани вобастагӣ ба омилҳои беруна чораҳои амалӣ меандешанд”, – таъкид шудааст дар иттилоияи Вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...