Кумитаи дин: Намози ҷамоат аз 20-уми март дар Тоҷикистон иҷозат аст

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки “баъд аз анҷом додани корҳои профилактикӣ дар иттиҳодияҳои динии кишвар сар аз пагоҳ, 20-уми март баргузории ибодатҳои дастаҷамъона ба роҳ монда мешавад”. Сухангӯйи кумитаи мазкур Афшин Муқим имрӯз дар саҳифаи фейсбукии худ навишт: “Аз ҳамаи сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бо мақсади […]

Алимшоҳ Меҳрзода, махсус барои Asia-Plus

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки “баъд аз анҷом додани корҳои профилактикӣ дар иттиҳодияҳои динии кишвар сар аз пагоҳ, 20-уми март баргузории ибодатҳои дастаҷамъона ба роҳ монда мешавад”.

Сухангӯйи кумитаи мазкур Афшин Муқим имрӯз дар саҳифаи фейсбукии худ навишт: “Аз ҳамаи сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан “Covid-19” дар рафти баргузории намозгузориҳои дастаҷамъона ба қоидаҳои умумии беҳдоштӣ қатъан аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд”.

Ёдовар мешавем, рӯзи 4-уми март Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар муроҷиатномаи худ аз сокинони кишвар даъват кард, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-19 аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо худдорӣ кунанд.

“Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад”, – таъкид шуда буд дар муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 1 Маркази исломӣ, инчунин 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, 4054 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.