Собиқ корманди КДАМ барои ғоратгарии 20 сол пеш маҳкум шуд

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Муҳаммадӣ Ворисовро барои ҷинояти 20 сол пеш содиркардааш ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Тавре маркази матбуоти суди мазкур хабар медиҳад, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Ворисов тибқи қарордод ба сафи мақомоти амнияти миллӣ ба кор даромада, моҳи январи соли 1998 муҳофизи расмии пешвои Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдулло Нурӣ таъин мешавад. […]

Аваз Юлдошев

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Муҳаммадӣ Ворисовро барои ҷинояти 20 сол пеш содиркардааш ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре маркази матбуоти суди мазкур хабар медиҳад, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Ворисов тибқи қарордод ба сафи мақомоти амнияти миллӣ ба кор даромада, моҳи январи соли 1998 муҳофизи расмии пешвои Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдулло Нурӣ таъин мешавад.

Моҳи июли соли 2000 ӯ бо автомати Калашников ва таппончаи “Браунинг” мусаллаҳ шуда, ба қаҳвахонаи пивофурӯшии воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халақҳои пойтахт меравад.

“Ворисов барои тарсонидани кормандони қаҳвахона ба ҳаво тир холӣ карда, се нафари онҳоро лату кӯб ва аз хазина 600 ҳазор рубли тоҷикиро тасарруф мекунад”, – қайд шудааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, баъдан ӯ аз кор баромада, ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон меравад. Моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон боздошт ва барои ҷинояти содиркардааш ба ҳабс гирифта мешавад.

Муҳаммадӣ Ворисов дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғоратгарӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Нисбат ба маҳкумшуда меъёрҳои қонун “Дар бораи авф”-и моҳи августи соли 2001 дар Тоҷикистон қабулшуда татбиқ гардида, муҳлати ҷазои ӯ аз се як ҳисса кам карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.