Пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба палатаи болоии парлумони доимо амалкунанда

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз замони таъсисёбии он Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19-уми март дар иҷлосияи хотимавии даъвати охири палатаи болоии парлумон маърӯза кард. Ӯ пешниҳод кард, ки бо назардошти таҷрибаи бисёре аз кишварҳои дунё палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доимо амалкунанда шавад. “Ба фикрам, замоне фаро расидааст, ки ба қонун “Дар бораи Маҷлиси миллӣ” […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз замони таъсисёбии он Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19-уми март дар иҷлосияи хотимавии даъвати охири палатаи болоии парлумон маърӯза кард.

Ӯ пешниҳод кард, ки бо назардошти таҷрибаи бисёре аз кишварҳои дунё палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доимо амалкунанда шавад.

“Ба фикрам, замоне фаро расидааст, ки ба қонун “Дар бораи Маҷлиси миллӣ” тағйирот ворид карда шавад, ки мувофиқи он раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо аз ҳамаи кору мансабҳои давлатӣ озод ва фаъолияташон доимиву пардохтшаванда гардад”, – қайд кард Убайдуллоев.

Дар маърӯзаи хотимавии худ Убайдуллоев ба ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ барои кори пурсамар ба хотири рушди кишвар ва таҳкими сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ изҳори сипос кард.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои соли 1999 қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон, парлумони дупалатагӣ – Маҷлиси Олӣ бо Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) ва Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ) таъсис дода шуд.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро раисҷумҳури Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худ метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.