Хатсайрҳои махсус аз Дубай ва Маскав тоҷикистониҳои дармондаро меоранд

Барои шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳанд, хатсайрҳои махсус ташкил карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд. Мувофиқи қарори роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, аз нимашаби 19 ба 20-уми март Тоҷикистон парвозу фуруди ҳавопаймоҳоро манъ кард. Тибқи ҷадвали лавҳаи вақти воқеӣ (онлайн-табло)-и “Тоҷикаэронавигатсия”, рӯзҳои наздик барои ба Ватан баргардонидани […]

Asia-Plus

Барои шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳанд, хатсайрҳои махсус ташкил карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд.

Мувофиқи қарори роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, аз нимашаби 19 ба 20-уми март Тоҷикистон парвозу фуруди ҳавопаймоҳоро манъ кард.

Тибқи ҷадвали лавҳаи вақти воқеӣ (онлайн-табло)-и “Тоҷикаэронавигатсия”, рӯзҳои наздик барои ба Ватан баргардонидани тоҷикистониёни дармонда тавассути хатсайрҳои зерин парвоз сурат мепазирад:

– Парвоз бо хатсайри 7J627-и ширкати ҳавопаймоии Tajik Аir дар самти Душанбе-Маскав-Душанбе (DME) соати 18:45 ба вақти маҳаллӣ бо ҳавопаймои Боинг-757 шоми 20-уми март ба нақша гирифта шудааст. Хатсайри бозгашт – субҳи 21-уми март, соати 05:30.

– Парвоз бо хатсайри FZ778-и ширкати ҳавопаймоии flyDubai дар самти Дубай-Душанбе шаби 21-уми март, соати 01:31 ба вақти маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Хатсайри бозгашт – субҳи 21-уми март, соати 04:25 ба вақти маҳаллӣ.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе тасдиқ карданд, парвоз тариқи ин хатсайрҳо анҷом дода мешавад.

Хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе

Қаблан ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр” хабар дод, ки тариқи хатсайри махсус мусофирони дар Маскав дармондаро ба Тоҷикистон меорад, лекин дар бораи вақти парвоз маълумот дода нашуд. Дар лавҳаи вақти воқеии (онлайн-табло)-и “Тоҷикаэронавигатсия” низ ин хатсайр зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Русия дар Душанбе дар бораи парвози ҳавопаймоҳо ба Маскав хабар дода, ба шаҳрвандони кишвараш боисрор тавсия дод, ки барои ба Русия рафтан аз хатсайрҳои наздиктарин истифода кунанд.

“Ба маълумоти шумо мерасонем, ки ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» («Сомон Эйр») иҷрои ду парвозро бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ, соати 14:00 ва тибқи нақшаи пешакӣ рӯзи 21-уми март, соати 12:00 иҷро мекунад. Ҳамчунин тибқи  нақшаи пешакӣ ширкати ҳавопаймоии «Tajik Air» («Тоҷик Эйр») тасмим дорад, 20-уми марти соли ҷорӣ, соати 18:40 бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе парвоз анҷом диҳад”, – хабар дод сафорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.