Боздошти сокини Норак ба гумони қатли ҳамсар

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсар марди 27-солаи сокини шаҳри Норакро боздошт карданд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда рӯзи 25-уми март дар кӯчаи “Братский”-и шаҳри мазкур бо ҳамсараш – ҷавонзани 25-сола ҷанҷол карда, 7 маротиба бо корди қатшавандаи кисагӣ ба узвҳои гуногуни баданаш зарба задааст. “Сипас ба узвҳои бадани модарарӯсаш – зани 45-сола […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсар марди 27-солаи сокини шаҳри Норакро боздошт карданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда рӯзи 25-уми март дар кӯчаи “Братский”-и шаҳри мазкур бо ҳамсараш – ҷавонзани 25-сола ҷанҷол карда, 7 маротиба бо корди қатшавандаи кисагӣ ба узвҳои гуногуни баданаш зарба задааст.

“Сипас ба узвҳои бадани модарарӯсаш – зани 45-сола бо корд 2 маротиба зарба зада, ӯро захмӣ кардааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ шудааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, айни замон гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.