Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2020 дар Душанбе баргузор мешавад

Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2020 байни дастаи қаҳрамони амалкунанда ва дорандаи Ҷоми миллӣ – “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи дорандаи медалҳои нуқраи чемпионат – “Хуҷанд”-и Хуҷанд рӯзи 4-уми апрел (оғози вохӯрӣ соати 17:00) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон бори 11-ум баргузор мешавад. Бозӣ […]

Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2020 байни дастаи қаҳрамони амалкунанда ва дорандаи Ҷоми миллӣ – “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи дорандаи медалҳои нуқраи чемпионат – “Хуҷанд”-и Хуҷанд рӯзи 4-уми апрел (оғози вохӯрӣ соати 17:00) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон бори 11-ум баргузор мешавад.

Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор шуда, дастаи “Истиқлол” 8 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019. Соли 2013 дастаи “Равшан”-и Кӯлоб  ва соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор соҳиби Суперҷоми футболи Тоҷикистон шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Лигаи футболи Тоҷикистон эълон кард, ки Чемпионати 29-уми Лигаи олии футболи мамлакат рӯзи 5-уми апрел оғоз мешавад.

Дар мавсими нав дар ин мусобиқа 10 даста иштирок мекунанд: «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (ЦСКА, Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), ҳамчунин дастаҳои нав – «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзқанд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе).

Чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар се давр доир гардида, ҳар кадоме аз дастаҳо 27 вохӯрӣ мегузаронанд.

Дар даври аввал рӯзи 5-уми апрел апрел 3 вохӯрӣ баргузор мешавад: «Локомотив-Помир» – «Файзқанд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ». Боз ду бозии дигар рӯзи 8-уми апрел доир мегардад: «Душанбе-83» – «Истиқлол» и КМВА (ЦСКА) – «Хуҷанд».

Дар Федератсияи футболи ҷумҳурӣ зикр карданд, ки “алҳол бе ҳузури тамошобинон доир гардидани бозиҳо ё бекор шудани онҳо маълум нест”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.