Русия ба Тоҷикистон як миқдор тест-низомҳои ташхиси коронавирус дод

Роспотребнадзор рӯзи 25 март 210 адад маҷмӯаи тест-низоми истеҳсоли Русияро барои ташхиси коронавируси COVID-19 дар шароити озмоишгоҳ (лаборатория) ба Тоҷикистон тақдим кард. Ин миқдор тест-низомҳо барои баргузории 21 ҳазор таҳқиқот ҷиҳати муайян кардани ҷой доштани вирус пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин маҷмӯи реагентҳои зарурии омодагӣ ба озмоиш ба Тоҷикистон дода шудааст. Субҳи 26-уми март ин тест-низом ва реагентҳо […]

Asia-Plus

Роспотребнадзор рӯзи 25 март 210 адад маҷмӯаи тест-низоми истеҳсоли Русияро барои ташхиси коронавируси COVID-19 дар шароити озмоишгоҳ (лаборатория) ба Тоҷикистон тақдим кард. Ин миқдор тест-низомҳо барои баргузории 21 ҳазор таҳқиқот ҷиҳати муайян кардани ҷой доштани вирус пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин маҷмӯи реагентҳои зарурии омодагӣ ба озмоиш ба Тоҷикистон дода шудааст. Субҳи 26-уми март ин тест-низом ва реагентҳо ба Тоҷикистон оварда шуданд.

“Русия кӯшишҳои Тоҷикистонро дар муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус дастгирӣ мекунад, – таъкид дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов. – Дар чунин шароит Русия тасмим гирифт, як миқдор тест-низомҳои ташхисро, ки аз ҷониби мутахассисони мо таҳия шудаанд, ба Тоҷикистон диҳад. Умедворем, ки онҳо ба шарикони тоҷики мо дар пешгирии паҳншавии COVID-19 дар қаламрави кишвар кумак мекунанд”.

Чанде пеш Русия ба кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳудуди 800 маҷмӯаи тест-низомҳои шакли навро барои ташхиси коронавирус дар озмоишгоҳ (лаборатория) дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.