Мироби Спитамен ба тасарруфи 850 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад

Раиси Ассотсиятсияи истифодабарандагони оби “Ҳайдар 2017” дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Сайфулло Юсупов дар содир кардани ҷинояти тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва камомад гумонбар мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Юсупов зимни кор ба ҳайси роҳбари ин Ассосиатсия дар давраи солҳои 2018-2019 аз Идораи давлатии беҳдошти замин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Ассотсиятсияи истифодабарандагони оби “Ҳайдар 2017” дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Сайфулло Юсупов дар содир кардани ҷинояти тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва камомад гумонбар мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Юсупов зимни кор ба ҳайси роҳбари ин Ассосиатсия дар давраи солҳои 2018-2019 аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур тибқи шартномаҳо ва санадҳои қабул ба миқдори 48456 ҳазор метри мукааб оби полезиро ба маблағи беш аз 1,1 млн сомонӣ сомонӣ қабул кардааст.

“Минбаъд ӯ бо мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ бо шахсони масъули ҶДММ “Спитамен Текстайл”-и ноҳияи Спитамен маслиҳати пешакӣ намуда, дар ҳисоботи муҳосибӣ маблағи хизматрасонии аз ҳисоби оби полезӣ ҷамъовардаро нишон надода, ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо маблағи 269,904 сомонӣ пардохт карда, боқимонда маблағи 854,640 сомониро тасарруф кардааст ва ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидаст”, – қайд мешавад дар хабари маркази матбуоти Агентӣ.

Айни замон нисбат ба Сайфулло Юсупов ва дигар афроди дар ин амали ғайриқонунӣ дастдошта мутобиқи моддаи 245, қ.4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.