Роҳу кӯчаҳо дар Хатлон дезинфексия мешаванд

Бо истифода аз мошинҳои обпоши корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар роҳҳои мошингарди тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд. Дар ин хусус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши коронавирус (COVID-19) дастур дода буд. Аллакай дар роҳҳои маркази ноҳияи […]

Asia-Plus

Бо истифода аз мошинҳои обпоши корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар роҳҳои мошингарди тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд.

Дар ин хусус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши коронавирус (COVID-19) дастур дода буд.

Аллакай дар роҳҳои маркази ноҳияи Кӯшониён ва Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён маҳлули безараргардонӣ омода карда шуда, тавассути мошинҳои обкаш чунин тадбир амалӣ гардид.

Дастур дода шудааст, ки корҳои безараргардонӣ дар роҳҳои нақлиётгард ҳадди ақал ҳафтае ду маротиба анҷом дода шаванд, хабар медиҳад Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ёдовар мешавем, ки то 1-уми апрел дар ҳудуди вилоят 1734 масҷид, 510 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Бохтар, инчунин 424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 934 муассисаи тарбиявию таълимӣ тамиз (дезинфексия) карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио