Суҳбати раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили коронавирус

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3-юми апрел бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ карданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3-юми апрел бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ карданд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.

Дар ин робита қарор шуд, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд.

Қобили зикр аст, ки то нисфирӯзии 4-уми апрел дар Ӯзбекистон 241 нафар ба коронавируси Covid-19 сироят ёфтаанд. Аз ин шумор 25 кас шифо ёфта, 2 нафар аз олам даргузаштанд. Дар ин бора торнамои расмии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар додааст. Аммо тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то имрӯз, 4-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.