Кормандони милитсияи вилояти Суғд як марди 68-соларо бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ӯ пештар барои авбошӣ суд шудааст.
Бино ба иттилои ВКД, марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон, ки қаблан бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ) суд шудааст, бо гумони куштор боздошт гардид.
Гумонбар 5-уми апрел дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Хуҷанд бо марди 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич вохӯрда, аз сабаби муноқиша бо корди хоҷагӣ ба шикамаш задааст.
Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3-и КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) оғоз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


