Эҳтимоли бозбинии даромаду хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон бар асари буҳрони ҷаҳонӣ

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон имкони бозбинии ҳаҷми даромаду хароҷоти Буҷети давлатии имсоларо дар робита ба ворид нагардидани қисмате аз маблағҳои пешбинишуда бар асари буҳрони ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи коронавирус аз эҳтимол дур намедонад.

“Мо дар марҳилаи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарор дорем ва рақамҳои мушаххасро то 10-уми апрел мегирем”, – хабар дод ба журналистон рӯзи 8-уми апрел дар Душанбе вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода.

Вазири молия гуфт, ки шояд як ҳаҷми даромади қаблан пешбинишуда ба буҷет ворид нашавад ва аз ин рӯ, имкони бозбинии ҳам қисмати даромад ва ҳам хароҷоти буҷет аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 26 млрд сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки қариб 70%-и даромади умумӣ аз ҳисоби андозҳо дар нақша буд.

Қисмати хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми зиёда аз 26,4 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин ҳолат касри (камбуди) буҷет наздики 350 млн сомонӣ ё худ 0,4% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...