Эҳтимоли бозбинии даромаду хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон бар асари буҳрони ҷаҳонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон имкони бозбинии ҳаҷми даромаду хароҷоти Буҷети давлатии имсоларо дар робита ба ворид нагардидани қисмате аз маблағҳои пешбинишуда бар асари буҳрони ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи коронавирус аз эҳтимол дур намедонад. “Мо дар марҳилаи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарор дорем ва рақамҳои мушаххасро то 10-уми апрел мегирем”, – хабар дод ба журналистон рӯзи […]

Ҳукумати Тоҷикистон имкони бозбинии ҳаҷми даромаду хароҷоти Буҷети давлатии имсоларо дар робита ба ворид нагардидани қисмате аз маблағҳои пешбинишуда бар асари буҳрони ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи коронавирус аз эҳтимол дур намедонад.

“Мо дар марҳилаи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарор дорем ва рақамҳои мушаххасро то 10-уми апрел мегирем”, – хабар дод ба журналистон рӯзи 8-уми апрел дар Душанбе вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода.

Вазири молия гуфт, ки шояд як ҳаҷми даромади қаблан пешбинишуда ба буҷет ворид нашавад ва аз ин рӯ, имкони бозбинии ҳам қисмати даромад ва ҳам хароҷоти буҷет аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 26 млрд сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки қариб 70%-и даромади умумӣ аз ҳисоби андозҳо дар нақша буд.

Қисмати хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми зиёда аз 26,4 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин ҳолат касри (камбуди) буҷет наздики 350 млн сомонӣ ё худ 0,4% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.