Дар Тоҷикистон ба пардохти қарзҳо “таътил” эълон карданиянд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) масъалаи имкони мавқуф гузоштани муҳлати пардохти қарзҳо бар асари паёмадҳо аз коронавирус ба иқтисоди кишвар баррасӣ мешавад. “Айни замон ин масъаларо баррасӣ дорем. Вазъро таҳлил мебояд кард”, – хабар дод ба рӯзноманигорон рӯзи 8-уми апрел дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. Ба гуфтаи ӯ, ба чӣ пайомадҳо дучор шудани бонкҳоро аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) масъалаи имкони мавқуф гузоштани муҳлати пардохти қарзҳо бар асари паёмадҳо аз коронавирус ба иқтисоди кишвар баррасӣ мешавад.

“Айни замон ин масъаларо баррасӣ дорем. Вазъро таҳлил мебояд кард”, – хабар дод ба рӯзноманигорон рӯзи 8-уми апрел дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, ба чӣ пайомадҳо дучор шудани бонкҳоро аз роҳандозии чунин тадбирҳо арзёбӣ кардан лозим аст.

Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки қарзҳои аз ҷониби бонкҳо пешниҳодшуда асосан аз амонатҳои аз аҳолӣ ҷалбгардида иборатанд.

“Яъне ин саҳмҳои аҳолӣ буда, дар ин сурат лозим меояд ба одамон бифаҳмонем, ки онҳо фоизҳояшонро аз рӯйи амонат саривақт ва пурра гирифта наметавонанд”, – шарҳ дод ӯ.

Зимнан илова шуд, ки “ин масъалаи хеле душвор” буда, танҳо пас аз таҳлили ҳамаҷониба метавон сари хулосае расид.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз Туркманистон, дигар дар ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин чораҳои мавқуф гузоштани муҳлати пардохти қарзҳо роҳандозӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.