Ҳавои намноки арктикӣ ба Тоҷикистон расид: обуҳаво боз сард мешавад

Рӯзҳои 8-9 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи воридшавии ҳавои намноки атлантикӣ ва анбуҳи ҳавои сард ба Тоҷикистон аз самти аврупоии Русия ба воситаи қаламравӣ Қафқоз, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боришоти хусусияти селдошта пешгӯйӣ мешавад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи ҳаво давом ёфта, дар қисми зиёди ноҳияҳои […]

Рӯзҳои 8-9 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи воридшавии ҳавои намноки атлантикӣ ва анбуҳи ҳавои сард ба Тоҷикистон аз самти аврупоии Русия ба воситаи қаламравӣ Қафқоз, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боришоти хусусияти селдошта пешгӯйӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи ҳаво давом ёфта, дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ боришоти бошиддат ба амал меояд ва дар баъзе ҳолатҳо боронҳои хусусияти селдошта меборад.

“Шаби 8-уми апрел ва субҳи 9-уми апрел дар водиҳои вилояти Хатлон, НТМ ва вилояти Суғд эҳтимоли гузаштани борон ба барфи тар пешгӯйӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии манотиқи мазкур якбора гузариши борон ба барф дар назар дошта мешавад, – қайд шудааст дар торнамои Агентӣ. – Рӯзҳои 8-9 апрел дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 10-15 дараҷа  ва 9 апрел дар водиҳои  вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 8-10 дараҷа пешбинӣ мешавад”.

Гуфта мешавад, шаби 9 ба 10 апрели соли ҷорӣ баъд аз қатъ шудани боришот, софшавӣ ва пастшавии ҳарорати ҳаво то 0-20 сардӣ аз эҳтимол дур нест, ки ин вазъият метавонад ба сармозании зироатҳои кишоварзӣ оварда расонад.

“Рӯзҳои 8-9 апрел дар ноҳияҳои алоҳида ба истиснои ВМКБ вазиши шамол бо шиддатнокии то 17-22 м/с дар назар дошта шуда, ҳамчунин ин рӯзҳо дар манотиқи доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳои Файзобод-Нуробод-Тавилдара, дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Вахш, дар ҳавзаи дарёи Ёхсӯ-Қизилсӯ, ҳавзаи дарёи Обиминоби ноҳияи Дарвоз, ҳавзаи дарёи Зарафшон эҳтимоли ба вуҷуд омадани сели харобиовар дар назар аст”, – зикр шудааст дар маълумот.

Огоҳӣ дода мешавад, ки дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии минтақаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст.

Аз ин рӯ, ба сохторҳои дахлдори хоҷагии халқи ҷумҳурӣ тавсия дода шудааст, ки тайёрии пешакиро оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ роҳандозӣ кунанд.

“Ҳамватанони азиз! Аз пайомадҳои зуҳуротҳои номатлуби табиӣ, ки метавонад ба саломатӣ ва сатҳи некӯаҳволии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонад, пешгирӣ кардан ба манфиати кор хоҳад буд. Саломатии худ ва наздиконатонро ҳифз намоед!”, – муроҷиат кардаанд обуҳавошиносон ба аҳолии кишвар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.