Манъи аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар баровардани оҳанпора

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми марти соли ҷорӣ дастур дода мешавад, ки содироти оҳанпора ва пасмондаҳои металҳои сиёҳ ва ранга аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар манъ карда шавад. Дар санад гуфта мешавад, ин тадбирҳо бо мақсади “истифодаи пурсамари оҳанпора ва пасмондаҳои металҳои сиёҳ ва ранга, васеъ кардани миқёси коркарди он дар дохили ҷумҳурӣ” роҳандозӣ […]

Пайрав Чоршанбиев. Asia-Plus

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми марти соли ҷорӣ дастур дода мешавад, ки содироти оҳанпора ва пасмондаҳои металҳои сиёҳ ва ранга аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар манъ карда шавад.

Дар санад гуфта мешавад, ин тадбирҳо бо мақсади “истифодаи пурсамари оҳанпора ва пасмондаҳои металҳои сиёҳ ва ранга, васеъ кардани миқёси коркарди он дар дохили ҷумҳурӣ” роҳандозӣ мешаванд.

Манъи содироти оҳанпора аз 1-уми марти соли 2020 мавриди амал қарор гирифт, яъне як моҳ пеш то расман қабул шудани қарори дахлдори ҳукумат.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати молия, Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва Хадамоти гумрук вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ коркарди оҳанпора ва пасмондаҳои дигар металҳо қатъ шуда, он ба миқдори зиёд ба Чин бурда мешуд.

Аввали солҳои 2000-ум соҳибкорони Чин азхудкунии бозори оҳанпора ва металҳоро дар худи Тоҷикистон шурӯъ карданд. Онҳо дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо корхонаҳои хурди коркарди оҳанпора таъсис доданд, ки пасмондаҳои металро гудохта, асосан арматураи пастсифат тайёр мекарданд.

Соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон ба манъи фаъолияти чунин корхонаҳо оғоз кард. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои муосири металлургӣ дар Ҳисор ва Душанбе, корхонаҳои хурди коркарди пасмондаҳои метал нолозим шуданд.

Айни замон тайёр кардани оҳанпора дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузорӣ танзим шуда, оҳанпораи корхонаҳои саноатӣ бар асоси шартнома ба корхонаҳои махсус супурда мешавад, ки аз он арматура ва дигар маснуот тайёр карда мешавад. Мардум низ оҳанпораро ба нуқтаҳои қабул месупоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.