Афзоиши назарраси ҳаҷми ҳадди ақали фонди оинномавии суғуртачиён дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 31-уми марти соли ҷорӣ меъёри ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ (фонд) барои ташкилотҳои суғуртавӣ (суғуртаи дубора)-ро муқаррар кард. Ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои суғуртавии кишвар на камтар аз 10 млн сомонӣ (980 ҳазор доллар) муқаррар шуд. Пеш аз ин ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ширкатҳои давлатии суғуртавӣ […]

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 31-уми марти соли ҷорӣ меъёри ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ (фонд) барои ташкилотҳои суғуртавӣ (суғуртаи дубора)-ро муқаррар кард.

Ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои суғуртавии кишвар на камтар аз 10 млн сомонӣ (980 ҳазор доллар) муқаррар шуд.

Пеш аз ин ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ширкатҳои давлатии суғуртавӣ 5 млн сомонӣ ва ғайридавлатӣ – 500 ҳазор сомониро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми фонди ташкилотҳои ғайридавлатии суғурта, ки танҳо ба “суғуртаи умумӣ” ва “суғуртаи ҳаёт” машғуланд, дар ҳаҷми на камтар аз 5 млн сомонӣ муайян шудааст;

Ҳаҷми фонди ташкилотҳои ғайридавлатии суғурта, ки танҳо ба “суғуртаи умумӣ” машғуланд, дар ҳаҷми на камтар аз 2 млн сомонӣ муайян шудааст;

Ин ҳаҷм барои ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии суғуртаи дубора на камтар аз 50  млн сомонӣ (қаблан – 40 млн сомонӣ) муқаррар шудааст.

Ин маблағҳо бояд дар суратҳисобҳои ширкатҳои суғуртавӣ дар шакли воситаҳои пулӣ вуҷуд дошта бошанд.

Ташкилотҳои суғуртавӣ уҳдадор мешаванд, ки дар муддати як сол пас аз қабули қарори мазкур фонди оинномавии худро то ҳаҷми муқарраршуда расонанд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар бозори суғуртаи Тоҷикистон 18 ширкати суғуртавӣ: 16 ғайридавлатӣ ва 2 давлатӣ фаъолият мекунанд.

Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯйи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ) ва ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.