Таблиғоти зиддивирусии КҲФ дар мактабҳои олию миёна

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар мактабҳои миёна ва олии кишвар бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус корҳои таблиғотӣ мегузаронад. Тибқи иттилои КҲФ, чунин фаъолият дар як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ҳамчунин 5 мактаби олии пойтахт роҳандозӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита бо намоиш додани филмҳои омӯзишиву […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар мактабҳои миёна ва олии кишвар бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус корҳои таблиғотӣ мегузаронад.

Тибқи иттилои КҲФ, чунин фаъолият дар як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ҳамчунин 5 мактаби олии пойтахт роҳандозӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита бо намоиш додани филмҳои омӯзишиву аниматсионӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва коҳиш додани эҳтимоли сироят нишон доданд. Дар ин филмҳо ба таври амалӣ қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ барои кумакҳои тиббӣ дар сурати ошкор шудани ҳатто яке аз нишонаҳои сирояти короновирус нишон дода шудаанд.

Ғайр аз ин, дар синфхонаҳо кормандони бахши тиббии КҲФ ба хонандагон истифода аз маводи антисептикӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро амалан нишон дода, ба иштирокдорон варақаҳо ва китобчаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.