Адиб Муҳиддин Хоҷазод бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд

Нависандаи маъруфи тоҷик Муҳиддин Хоҷазод бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст. Айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд бистарӣ буда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” рӯзноманигор Додохонаи Эгамзод хабар дод. “Мутаассифона, адиби маҳбуби моро чанд рӯз пеш бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Нависандаи маъруфи тоҷик Муҳиддин Хоҷазод бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст.

Айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд бистарӣ буда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” рӯзноманигор Додохонаи Эгамзод хабар дод.

“Мутаассифона, адиби маҳбуби моро чанд рӯз пеш бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш дар беморхона хобонданд. Писараш ҳам дар ҳамин беморхона бистарӣ буда, табаш баланд аст. Мо онҳоро аёдат карданӣ будем, лекин имкон даст надод”, – изҳор дошт Эгамзод.

Ба гуфтаи табибони беморхона, пас аз пайваст кардани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вазъи солимии адиб рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазоди 82-сола муаллифи китобҳои сершумор аст, аз ҷумла, доир ба сохтмони иншооти бузург ва сарнавиштсози кишвар – нерӯгоҳҳои барқии обии Норак ва Роғун.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.