Телефону пул ва ангуштарӣ: боздошти ғоратгарон дар Душанбе

Date:

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафарро дастгир карданд, ки шабона дар кӯчаҳои пойтахт ба ғоратгарии одамон машғул буданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт, ба гумони даст доштан дар ин силсилаҷиноятҳо Фирӯза Тошпӯлодова, зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва М.Б.-и 17-сола, сокини шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, онҳо шабона дар кӯчаҳои пойтахт шаҳрвандонро думболагирӣ карда, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ телефони мобилӣ ва маблағҳои пулиашонро тасарруф мекардаанд.

“Аз ҷумла, М.Б. рӯзи 4-уми март дар соҳили дарёи Душанбе шаҳрванд Умед Тешаевро латукӯб ва телефони мобилӣ, ангуштарини тиллоӣ ва як миқдор маблағҳои пулии номбурдаро азхуд мекунад. Ҳамин рӯз ӯ бо ҳамин тарз телефони мобилӣ ва 1180 сомонӣ маблағи пулии сокини пойтахт Абдусамад Шоеевро тасарруф мекунад”, – қайд шудааст дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, гумонбарон инчунин рӯзи 7-уми март дар кӯчаи Миралӣ шаҳрванд Далер Табаровро низ латукӯб карда, телефони мобилии ӯро ба яғмо бурдаанд.

Тибқи маълумоти пешакии тафтишот, онҳо дар содир кардани ҳадди ақал 5 ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста шуда, зарари умумӣ 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. М.Б. ва Тошпӯлодова пулҳои гирифтаашонро дар марказҳои дилхушӣ барои истироҳат сарф мекардаанд.

Нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 248 КҶ ҶТ (Ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...