“Сомон Эйр” тоҷикистониёни дар Олмон дармондаро ба ватан бармегардонад

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” субҳи имрӯз, 1-уми май аз фурудгоҳи Душанбе ба самти шаҳри Франкфурти Олмон парвоз кард. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар парвози бозгашт шаҳрвандони дар Олмон бо сабабҳои гуногун дармондаи Тоҷикистон ба ватан оварда мешаванд. “Дар ин робита ба маълумоти ҳамаи тоҷикистониён расонида мешавад, ки агар ба ватан баргаштанӣ бошанд, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” субҳи имрӯз, 1-уми май аз фурудгоҳи Душанбе ба самти шаҳри Франкфурти Олмон парвоз кард.

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар парвози бозгашт шаҳрвандони дар Олмон бо сабабҳои гуногун дармондаи Тоҷикистон ба ватан оварда мешаванд.

“Дар ин робита ба маълумоти ҳамаи тоҷикистониён расонида мешавад, ки агар ба ватан баргаштанӣ бошанд, то соати 11:00 (ба вақти Олмон) ба фурудгоҳи шаҳри Франкфурт ҳозир шаванд. Билетҳо мустақиман дар фурудгоҳ пеш аз парвоз фурӯхта мешаванд”, – огоҳ мекунад сафорат.

Барои дарёфти маълумоти бештар дар ин хусус хабарнигори “Азия-Плюс” ба ВКХ Тоҷикистон муроҷиат карда, аз Вазорат хабар доданд, ки ҳамаи ҷузъиёти парвоз муайян ва дар ин бора иловагӣ маълумот дода мешавад.

Ҳамчунин як манбаъ дар ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки бо ин ҳавопаймо 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ва 95 навъи маводи тиббӣ, ки ширкати “Сифат-Фарма” аз Аврупо харидорӣ кард, ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.