Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон $70 млн кумаки бебозгашт ҷудо мекунад

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 30-юми апрел лоиҳаи “Рушди кӯдакони синни барвақтӣ барои ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистонро”-ро тасдиқ кард. Торнамои ин созмони молиявӣ хабар додааст, ки татбиқи лоиҳа ба беҳбуди истеъмоли ғизо, вазъи солимӣ ва таълиму донишандӯзии кӯдакони синни хурдсол – аз таваллуд то 6-сола равона мешавад. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 30-юми апрел лоиҳаи “Рушди кӯдакони синни барвақтӣ барои ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистонро”-ро тасдиқ кард.

Торнамои ин созмони молиявӣ хабар додааст, ки татбиқи лоиҳа ба беҳбуди истеъмоли ғизо, вазъи солимӣ ва таълиму донишандӯзии кӯдакони синни хурдсол – аз таваллуд то 6-сола равона мешавад.

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд барои сармоягузории ин лоиҳа 70 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос медиҳад.

Боз 3 миллион доллар аз ҷониби Бунёди трастии Фонди маблағгузории глобалӣ пешниҳод мешавад.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс мутмаин аст, ки ояндаи Тоҷикистон ба маблағгузориҳои имрӯза ба сармояи инсонии кишвар вобаста мебошад.

Дар доираи лоиҳа роҳу воситаҳои нави аз лиҳози иқтисодӣ пурсамар барои фарогирии кӯдакони хурдсол бо таълими томактабӣ ҷорӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, ба муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати пайгирии рушду инкишофи кӯдакон барномаи таълимӣ ва таҷҳизоти дахлдор дода мешавад, ки ба саривақт ворид кардани тасҳеҳ ба онҳо имкон медиҳад.

Дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ аҳолии Тоҷикистон ҷавонтарин ва афзоянда ба ҳисоб меравад. Ҳар кадоме аз панҷумин сокини кишвар поинтар аз синни 6-сола буда, ҳамасола наздики 250 ҳазор нафар кӯдакон таваллуд мешаванд.

Сатҳи фарогирии кӯдакони хурдсол бо таълиму тарбияи томактабӣ ҳудуди 12%-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.