Раисҷумҳури Тоҷикистон маоши худро ба мубориза бо коронавирус равона кард

Имрӯз, 1-уми май Эмомалӣ Раҳмон барои табибон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ин маблағ барои дар муддати се моҳ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ пардохт кардани иловапулӣ ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар […]

Имрӯз, 1-уми май Эмомалӣ Раҳмон барои табибон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.

Ин маблағ барои дар муддати се моҳ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ пардохт кардани иловапулӣ ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин иштирок мекунанд, 

“Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид”, – иттилоъ додааст хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Далелҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон дирӯз, 30-юми апрел зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории  Covid-19 расман эълон шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон ва раиси ин ситод Қоҳир Расулзода доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми апрел дар кишвар 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории сироятии Covid-19 ба қайд гирифта шудааст: 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе.

Дар ҳамин ҳол, ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳанӯз ба Тоҷикистон наомадааст. Созмони мазкур имрӯз дар торнамои худ хабар додааст, ки як ҳайати мутахассисони тандурустии ҷамъиятӣ ва эпидемиологҳои он рӯзҳои наздик вориди Тоҷикистон мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.