Оғози мавсими истихроҷи тиллои пошхӯрда дар Тоҷикистон

Корхонаи махсуси давлатии “Тиллои Тоҷик”, Артели заршӯйӣ ва ҶДММ “Заринк” ба шустани қумҳои зардор оғоз карданд. Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад, дигар корхонаҳои истихроҷи тилло ба омодасозии таҷҳизот ва корҳои қабаткушоӣ машғул мебошанд. Гуфта мешавад, айни замон дар соҳаи истихроҷи тиллои пошхӯрда дар ҷумҳурӣ корхонаҳое чун артели “Одина”, ширкатҳои “Авесто Одина”, “Нахш”, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи махсуси давлатии “Тиллои Тоҷик”, Артели заршӯйӣ ва ҶДММ “Заринк” ба шустани қумҳои зардор оғоз карданд.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад, дигар корхонаҳои истихроҷи тилло ба омодасозии таҷҳизот ва корҳои қабаткушоӣ машғул мебошанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар соҳаи истихроҷи тиллои пошхӯрда дар ҷумҳурӣ корхонаҳое чун артели “Одина”, ширкатҳои “Авесто Одина”, “Нахш”, “Абдулазиз”, “Таком Голд”, “Шимшо”, “Назирӣ” ва “Баракати истиқлол” фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, соли гузашта аз ҷониби ин корхонаҳо ба маблағи умумии 378 млн сомонӣ тилло истихроҷ шуд, ки 5,4% аз маҷмӯи маҳсулоти соҳаи саноати коркарди маъданро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки тиллои истихроҷкардаи корхонаҳо пурра аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад.

Дар Вазорати саноат умедворанд, ки нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истихроҷи тиллои пошхӯрда дар соли равон 15% зиёд мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.