Бонки ҷаҳонӣ то 21 ҳазор фавтро дар Тоҷикистон аз коронавирус тахмин мекунад

Дар Тоҷикистон вобаста ба сатҳи паҳншавии сирояти COVID-19 имкон дорад, аз 72 ҳазор то 230 ҳазору 500 нафар ба шакли вазнини бемории коронавирус гирифтор шаванд. Дар "Барномаи вокуниши фаврӣ доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон"-и Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон метавонад аз 13 ҳазору 600 то 43 ҳазору 500 ҳолати гирифторӣ ба шакли шадиди беморӣ сабт шуда, имкон […]

Дар Тоҷикистон вобаста ба сатҳи паҳншавии сирояти COVID-19 имкон дорад, аз 72 ҳазор то 230 ҳазору 500 нафар ба шакли вазнини бемории коронавирус гирифтор шаванд.

Дар "Барномаи вокуниши фаврӣ доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон"-и Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон метавонад аз 13 ҳазору 600 то 43 ҳазору 500 ҳолати гирифторӣ ба шакли шадиди беморӣ сабт шуда, имкон дорад, аз 6 ҳазору 600 то 21 ҳазор фавт ба қайд гирифта шавад.

Гуфта мешавад, тадбирҳое ба мисли ҷудо нигоҳ доштани шахсони гирифтори беморӣ дар шароити хона, карантини ихтиёрии хонагӣ, фосилагирии иҷтимоӣ барои ҳамаи аҳолӣ ва гурӯҳҳои бештар осебпазири он – шахсони синни аз 70-сола боло, қатъи фаъолияти мактабу донишгоҳҳо ва дигар чораҳо метавонанд аз 3 ҳазору 200 то 10 ҳазору 300 ҳодисаи фавт ва аз 6 ҳазору 600 то 21 ҳазору 300 ҳолати шадиди сироятёбиро пешгирӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки барои татбиқи ин лоиҳа Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ аввали моҳи апрел маблағгузории грантиро дар ҳаҷми 11,3 млн доллар аз ҳисоби Ассосиатсияи байнулмилалии рушд тасдиқ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.