Раиси Хатлон тоҷирону доруфурӯшонро ба инсоф даъват кард

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар муроҷиатномаи худ аз сокинони вилоят дархост кардааст, ки аз паҳншавии коронавирус ба таҳлука наафтода, ором бошанд. Ҳакимзода аз тоҷирон ва доруфурӯшони вилоят даъват кардааст, ки аз вазъи баамаломада набояд суистифода намуда, беасос нархи маҳсулотро баланд бардоранд. Ӯ аз шаҳрвандон дархост кард, ки вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба Ситоди […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар муроҷиатномаи худ аз сокинони вилоят дархост кардааст, ки аз паҳншавии коронавирус ба таҳлука наафтода, ором бошанд.

Ҳакимзода аз тоҷирон ва доруфурӯшони вилоят даъват кардааст, ки аз вазъи баамаломада набояд суистифода намуда, беасос нархи маҳсулотро баланд бардоранд.

Ӯ аз шаҳрвандон дархост кард, ки вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус тариқи телефонҳои боварӣ (8 3222 2-44-78; 8 3222 2-22-73; 918-81-27-41) муроҷиат кунанд.

“Муваққатан худдорӣ аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, риояи гигиенаи шахсӣ дар оила (мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёи истифодашаванда (телефони мобилӣ) ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ), поккории манзили зист ва гирду атрофи он, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр, безарурат аз хона набаромадан, хусусан шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бештар ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шудан, бо даст салом накардан, ба кӯдакон дар давраи таътили муваққатӣ тавсияи хониши китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошад”, – қайд шудааст дар муроҷиатномаи раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода аз кишоварзон даъват кардааст, ки ба корҳои парвариши сабзавоту мева ва пахта тақвият бахшанд.

Ёдрас мекунем, қаблан дар Хадамоти зидиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки  масъалаи болоравии нархҳоро ба мавод ва дорувории тиббӣ дар кишвар мавриди омӯзиш қарор додаанд.

“Воқеан ҳам дар чанде аз дорухонаҳо арзиши баъзе маводи доруворӣ боло рафтааст. То кадом андоза асоснок будани онро мутахассисони мо меомӯзанд. Пас аз муътадил шудани вазъ дар бозорҳои маводи ғизоӣ, ҳамаи имконоту воситаҳо ба ин самт – омӯзиши нарх дар дорухона ва маводи тиббӣ равона шудаанд. Мутахассисони мо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо машғули коранд, то ки вазъиятро омӯхта, аз болоравии сунъии нархҳо ба маводи доруворӣ пешгирӣ карда шавад”, – хабар доданд аз дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Зикр шуд, ки баъд аз омӯзишу таҳлили вазъият ва баргузории рейдҳо, дар бораи сабабҳои болоравии нарх ба доруворӣ ва шумори шахсони дар ин робита ба ҷавобгарӣ ҷалбшуда маълумоти иловагӣ дода мешавад: "Касоне, ки нархро боло мебаранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.

Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 4-уми май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 ошкор шудааст. Аз ҷумла, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст