Вазорати маориф ба пардохт нашудани маблағи шартномавии донишҷӯён иҷоза дод

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба роҳбарони ҳамаи мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки донишҷӯёни шартномавиро барои саривақт напардохтани маблағи таҳсил аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ накунанд. Ин қарор дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ қабул шудааст. Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, Имомзода изҳор доштааст, ки ба донишҷӯён барои дар вақти дигар бо хуб шудани […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба роҳбарони ҳамаи мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки донишҷӯёни шартномавиро барои саривақт напардохтани маблағи таҳсил аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ накунанд.

Ин қарор дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ қабул шудааст.

Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, Имомзода изҳор доштааст, ки ба донишҷӯён барои дар вақти дигар бо хуб шудани вазъ дар кишвар ва пайдо шудани имконоти молиявӣ пардохт кардани маблағи шартномаи таҳсил имкон дода шавад.

Вазир таъкид доштааст, донишҷӯёне, ки бинобар сабабҳои гуногуни узрнок дар имтиҳоноти хатм иштирок карда наметавонанд, имтиҳони онҳо ба даври дигар – семестри тирамоҳӣ гузаронида шавад.

Бо супориши вазир, пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ ва имтиҳоноти хатм, ки 15-уми май дар назар аст, дар тамоми бинову корпусҳои таълимӣ, синфхонаҳои донишкадаю донишгоҳ ва омузишгоҳҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.